|
Тамоку ё сигор вабои аср, бояд аз он раҳоӣ ёфт! |
|
|
|
Тандурустӣ -
Тандурустӣ
|
|
ТАҲЛИЛ, БАРРАСӢ, АҲКОМ, НАЗАРОТ, ВА ПЕШГӮИҲО
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.
Сипосу ситоиш барои Худованди кариму маннон ва дуруди фаровон бар паёмовари Ҳақ Муҳаммади мустафо ва хонадони пок ва ёрони бовафою диловараш, ки моро ба дини ростин даъват намуда, яктопарасту муваҳҳидамон гардонид, вагарна дар бесарусомониҳо ваторикиҳои куфру ҷаҳолат умр басар бурда ва ин олами зебои бекаронро, ки пур аз махлуқот ва мавҷудоти аҷибу ғариб аст ва ҳар кадом барои шинохт ва маърифати Парвардигор мактабест, бо диду назари дигар менигаристем.
Худоё қадамҳои моро дар роҳи «Сиротал мустақим» устувор бидор ва то охири ҳаёт моро аз ин роҳ мунсариф магардон.
Худованди бузургу баландмартаба ва тадбиркунандаву чорасоз, аз рӯи меҳрубонию раҳмат, бандагонашро аз ҳар чизи зараровар боз доштааст. Он зарар ва зиён, чӣ аз тариқи камбуд ва норасоии динию эътиқодӣ, мисли намозу рӯза ва соири ибодот бошад ва ё камбуди ахлоқӣ, мисли бебандуборӣ ва пайравии ҳавову ҳавас. Ё камбуди ҷисмонӣ, мисли зоеъ кардани саломатӣ бошад ва ё камбуди молӣ, мисли талаф додани мол аз рӯи исрофкорӣ ва ё зарари маънавӣ, мисли беҳудагузаронии вақт ва умри азиз. Ва ё ҳар зарари дигаре, ки барои баданҳою молҳо ва обурую иззати бандагон ва соири махлуқоташ бошад, ҳамааш дар назди Худованд яксон буда, дар зери ҳукми зарар қарор дорад.
|
|
Шарҳи осони ақидаи Таҳовӣ (дарси 21) |
|
|
|
Ақида -
Ақида
|
|
ДАРСИ БИСТУ ЯКУМ
[66] وَالْإِيمَانُ: هُوَ الْإِيمَانُ بِاللهِ، وَمَلاَئِكَتِهِ، وَرُسُلِهِ، وَالْيَوْمِ الآخِرِ، وَالقَدَرِ: خَيْرِهِ وَشَرِّهِ، وَحُلْوِهِ وَمُرِّهِ مِنَ اللهِ تَعَالَى،
[66] ВА ИМОН ИН АСТ, КИ БА ХУДО ВА ФАРИШТАҲОИ Ӯ ВА КИТОБҲО ВА ПАЁМБАРОНИ Ӯ, БА РӮЗИ РАСТОХЕЗ ВА БА ТАҚДИР, БА НЕКУ БАД, ШИРИНУ ТАЛХИ ОН АЗ ТАРАФИ ХУДОСТ, ИМОН БИЁРӢ.
ШАРҲ: Имони ба Аллоҳ таъоло иборат аз афъол, номҳо, ва сифоташ ва ба сазовори маъбудият буданаш ва ба анҷом додани ҳамаи корҳо холис барои Ӯ имон биёрем. Имони ба фариштагон ин аст, ки ба вуҷуди онҳо ва ба сифоту ашколи эшон ва ба вазоиф ва масъулиятҳояшон имон биёварем. Имон овардан ба китобҳои осмониро дар боло баён намудем. Имон овардан ба паёмбарон иборат аст аз ин ки ба ҳамаи эшон хоҳ онҳоро мушаххасан бишиносем ё на, имон оварем. Аввалини он расулон Нӯҳ ва охири эшон Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} мебошад ва ҳақиқатан, онҳо паёмҳои Худоро ба мардум пурра расонидаанд ва роҳи эшон беҳтарин ва комилтарини роҳҳо мебошад. Имони ба рӯзи охират барангехтан аз қабрҳо ва ҳисобу шумори аъмол ва биҳишту дӯзах ва ғайраро дарбар хоҳад гирифт. Дар ниҳоят имони ба тақдир, яъне бовар намоем ба ин ки тақдир аз назди Аллоҳ таъолост ва ҳамоно хайр ва шарр ба ҳукми Ӯ шириниву талхӣ ҳам ба ирода ва тақдирсозии Ӯ бастагӣ доранд. Чи тавре ки дар Қуръони карим омада:
|
|
Бонувони саҳоба: 3.Сафийя духтари Абдулмутталиб |
|
|
|
Саҳобагони Паёмбар -
Саҳобагон
|
|
Сафийя {разияллоҳу ъанҳо} духтари Абдулмутталиб
Сафийя дар тарихи ислом аввалин зане буд, ки ба хотири дифоъ аз ҳарими дин ва ақида хуни мушрикеро бар замин рехт.
Оё медонед, ин бонуи бурдбору донишманд, ки ҳатто мардҳо ҳам аз ӯ ҳисоб мебурданд кист?
Ва оё медонед, ин бонуи қаҳрамон ва шуҷоъе ки аввалин шаҳсавори мусулмонони маёдини ҳақ ъалайҳи ботил дар домонаш парвариш ёфт, чӣ касе буд?
Балки, ин бону Сафийя духтари Абдулмутталиб Ҳошимии Қурайшӣ ва аммаи Расули гиромии Ислом {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} буд.
Аз ҳар ҷиҳате ки баррасӣ кунем, бузургворӣ ва маҷду шарофати насабро ба ирс бурда аст.
Падараш - Абдулмутталиб ибни Ҳошим, ҷадди бузургвори Паёмбари акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ва бузурги хонадони Қурайш ва мавриди қабули оммаи қурайшиён.
Модараш - Ҳола духтари Ваҳб ва хоҳари Омина - модари бузургвори Набии карим {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}.
Шавҳари аввалаш - Ҳорис ибни Ҳарб - бародари Абусуфён бузурги хонадони Банӣ Умайя, ки марг ба суроғаш омад.
|
|
Бонувони саҳоба: 1. Ҳалимаи Саъдия |
|
|
|
Саҳобагони Паёмбар -
Саҳобагон
|
|
Ҳалимаи Саъдия - модари разоии Расули акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}.
Ин бонуи фаҳим, бурдбору андешаманд ва гиромӣ ки мо аз ӯ сухан мегӯем, баргузидаи ҳар мусулмон ва азизи дили ҳар муъмин аст. Ӯ касест, ки аз пистонҳои поку мутаҳҳараш мавлуди мубораке ҳамчун Муҳаммад ибни Абдуллоҳ {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} тағзия мекунад ва дар оғӯши гарму меҳрубонаш меосояд ва дар домони пурмеҳру муҳаббаташ парвариш меёбад ва фасоҳату балоғат ва ширинии лаҳҷаи ӯ ва хешовандонаш бо табиъат ва сарпарастии ин кӯдак аҷин мегардад ва дар натиҷа, ӯ зеботарин суханро дорад ва ширинтарин лаҳҷаро. Оре. Ин бонуи гиромӣ ва арҷманд Ҳалимаи Саъдия - модари разоъии Паёмбари гиромии Ислом мебошад. Бояд донист, ширдиҳии Ҳалима ба мавлуди муборак, ки боғи дунёро пур аз атри некию муҳаббат намуд ва фурӯғи ҳидоятро бар зулматкадааш афрӯхт ва бӯстони дунёро бо ниҳолҳои фазоили ахлоқӣ ва одобу сунани худописандона орост, достоне дорад, аз зеботарин ва шигифангезтарин достонҳо. Ба пои сӯҳбати Ҳалима менишинем, то достонашро бо зебоӣ ва ҷазобати хос ва дар айни ҳол содаву гиро барои мо баён кунад. Гузориши ӯ дар мавриди Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} аз зеботарин гузоришҳо ва достонҳо аст ӯ чунин мегӯяд:
- «Ҳамроҳ бо шавҳару фарзанди кӯчакамон аз хона берун шуда ва дар ҷустуҷӯи кӯдакони ширхора роҳии Макка шудем. Теъдоде аз занони Банӣ Саъд ҳамроҳи мо буданд, онҳо низ ҳамин ҳадафро дунбол мекарданд.
|
|
|
Мулло Абдураҳим: «Имом Бухорӣ муҷтаҳид буд» |
|
|
|
Фарзонагон -
Донишмандони ҳадис
|
|
Дар рӯзи таҷлили 1200-умин солрӯзи Имом Бухорӣ, муаллифи «Саҳеҳи Бухорӣ», радиои Озодӣ бо яке аз рӯҳониёни маъруф Мулло Абдураҳим дар бораи зиндагӣ ва корномаи Имом Бухорӣ сӯҳбат орост.
Имрӯз аҳли уламо ва донишмандони тоҷик дар як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе аз 1200-умин солрӯзи Имом Бухорӣ таҷлил мекунанд. Ин дуввумин ҳамоиши бузург дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки дар он аз намоёнтарин чеҳраҳои дини ислом ёд мешавад.
Қабл аз ин, дар соли гузашта давлати Тоҷикистон 1310-умин солгарди Имом Абуҳанифа, маъруф ба Имоми Аъзам ва пешвои мазҳаби ҳанафиро, ки аксари кулли сокинони Тоҷикистон аз он пайравӣ мекунанд, таҷлил ва дар ин робита нишасти бузурги байнулмилалӣ доир намуд. Дар ин ҳамоиш ҳудудан 500 намоянда аз кишварҳои мухталифи дунё ширкат ва суханронӣ карданд.
Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил маъруф ба Имом Бухорӣ дар таърихи 13-уми шавволи соли 194-уми ҳиҷрӣ дар Хартанг, яке аз деҳаҳои Бухоро таваллуд ёфтааст. Вайро дар ҷаҳони ислом ба унвони тавонотарин муҳаддис мешиносанд. Мо низ дар як сӯҳбат аз Мулло Абдураҳим, сархатиби масҷиди «Қазоқон» дар Душанбе пурсидем, ки Имом Бухорӣ аз нигоҳи ӯ кист?
Мулло Абдураҳим: -Имом Бухорӣ шахсияти бузургест, ки мавриди ифтихори мусулмонони ҳамаи олам аст.
|
|
Даргузашти Шайхи Азҳар дар Риёз |
|
|
|
Ахбор -
Ахбор
|
|
Рӯзи чоршанбе, 10-уми марти соли 2010 Телевизиони Миср таъкид кард, ки Шайхи Азҳар Доктор Муҳаммад Саййиди Тантовӣ дар пойтахти Арабистони Саъудӣ дар асари сактаи ногаҳонии дил аз ҷаҳон даргузашт. Шайхи Азҳар дирӯз, яъне рӯзи сешанбе (09/03/2010) барои ширкат варзидан дар базми ҷоизаи ҷаҳонии Шоҳ Файсал барои хидмати Ислом ба Арабистони Саъудӣ расида буд. Бегоҳии ҳамон рӯз Доктор Тантовӣ ба сактаи дил дучор шуд, онгоҳ барои муолиҷа ӯро ба бемористони нерӯҳои мусаллаҳи Риёз интиқол доданд, вале субҳдами рӯзи чоршанбе ин дунёи фониро падруд гуфт...
Вакили Шайхи Азҳар Маҳмуд Ошур дар суҳбати телефонӣ бо қаноти "Ал-Арабия" гуфт, ки пеш аз сафар ба Риёз Шайхи Азҳар аз ҳеҷ беморие ё бетобие шиква надошт...
Ҳамчунин, дар хусуси дафни Шайхи Азҳар изҳор дошт, ки фарзанди Шайхи Азҳар ба ӯ иброз дошта аст, ки ҷуссаи Муҳаммад Саййиди Тантовӣ дар гӯристони Бақеъи Мадинаи Мунаввара ба хок супурда хоҳад шуд.
Муҳаммад Саййиди Тантовӣ 28-уми октабри соли 1928-и милодӣ дар деҳаи Сулайми шарқии муҳофазаи Суҳоҷ чашм ба ҷаҳон гушуда аст.
Дар шаҳри Искандария таълим гирифта ва Қуръони Каримро дар онҷо ба ҳифз супурда аст.
Соли 1966 бо баҳои аъло ба унвони докторӣ дар илми ҳадис ва тафсир ноил шуда аст.
|
|
Бонувони саҳоба: 2. Уммусалама |
|
|
|
Саҳобагони Паёмбар -
Саҳобагон
|
|
2. Колами[1] араб - Уммусалама
Ҳинди Махзумӣ фақат ба унвони модаре барои Салама боқӣ намонд, балки модари тамоми муъминон қарор гирифт.
Оё медонед Уммусалама кист?
Падараш аз бузургон ва ашрофи маъруфи Банӣ Махзум буд ва дар шумори тане чанд аз саховатмандони араб қарор дошт, ки шуҳрат офоқ буданд то онҷо, ки ӯро тӯшаи мусофирон лақаб доданд зеро мусофирон вақте ба сӯи ӯ мерафтанд ва ё дар маъият ва ҳамроҳии ӯ қарор мегирифтанд бо худ тӯшае барнамедоштанд. Шавҳараш Абдуллоҳ ибни Асад дар шумори даҳ нафаре қарор дорад, ки дар пазириши ислом пеш буданд фақат Абубакр ва теъдоди ангуштшуморе ки ба даҳ тан намерасид қабл аз ӯ ба дини ислом мушарраф шуда буданд. Исмаш Ҳинд буд ва кунияаш Уммусалама. Аммо дар миёни мардум ба Уммусалама шӯҳрат дошт. Уммусалама ҳамроҳи шавҳараш мусулмон шуд ӯ низ дар шумори пешгомон ба сӯи ислом қарор дошт. Қурайшиён ҳамин, ки хабари исломи Уммусалама ва шавҳарашро шуниданд ба хашм омаданд ва оташи кина ва адоват дар дилашон шӯълавар шуд аз ин рӯ бераҳмонатарин озор ва шиканҷаҳоро ба онҳо раво доштанд, ки кӯҳҳо ва сахраҳои боазаматро мутазалзал месохт бо ин вуҷуд ин устураҳои сабр ва истиқомат, заъф ва сустиро ба худ роҳ надоданд ва нисбат ба ақидаи исломии хеш дучори шакку тардид нашуданд.
|
|
Гӯшае аз зиндагонии асҳоб: 8. Амр ибни Ҷамуҳ |
|
|
|
Саҳобагони Паёмбар -
Саҳобагон
|
|
Амр ибни Ҷамуҳ дар даврони ҷоҳилият сарваре аз сарварони номдори Араб ва сардори муҳтарами қабилаи Банӣ Салама ва яке аз сахимардон ва шахсиятҳои соҳиби муруввату мардонагӣ дар Ясриб буд.
Дар даврони ҷоҳилият одати ашроф ва бузургони қабила ин буд, ки ҳар кадом барои хештан дар хонаи худ бутеро нигоҳ медошт ва субҳу шом ба он табаррук меҷуст ва дар муносибатҳо ба номи он забҳ мекард ва дар мушкилот ва мусибатҳо ба он рӯй меовард ва бутеро ки Амр ибни Ҷамуҳ барои хештан нигоҳ дошта буд, ба номи «Манот» ёд мешуд, ки аз чӯб тарошида шуда буд. Вай дар риъояти ин бут сахт исроф мекард ва дар иноят ба он атрҳои қиматеро нисор менамуд.
Дар овоне ки нури имон тавассути даъватгарони аввал Мусъаб ибни Умайр хонаҳои аҳли Ясрибро яке баъди дигаре мунаввар месохт, Амр ибни Ҷамуҳ шаст сол умри худро пушти сар ниҳода буд. Се тан аз фарзандони вай Муъавваз, Муъоз ва Халлод ва ҳамсоли ишон, ки Муъоз ибни Ҷабал ном дошт, ба дасти Мусъаб мусулмон шуда буданд...
Ҳамроҳ бо ин се тани аз фарзандонаш модари онҳо - Ҳинд низ мусулмон шуда буд, ки вай аз мусулмон шуданашон хабар надошт. Ҳинд ҳамсари Амр ибни Ҷамуҳ дид, ки аксари аҳли Ясриб мусулмон шуда ва аз ашрофи Ясриб бидуни шавҳараш ва афроди ба шумори дигар ҳеҷ каси дигар бар ширк боқӣ намондааст. Вай шавҳарашро иззату икром мекард. Ва дилаш ба он месӯхт, ки вай ба ширк аз ҷаҳон биравад ва оташи ҷаҳаннам ҷойгаҳаш гардад.
|
|